Ғурбатӣ

Ғурбатӣ смотреть последние обновления за сегодня на .

"Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ доғи дигаре ба рӯйи Тоҷикистон аст"

37877
223
12
00:03:30
08.10.2022

Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "бисёр ноодилона" хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд. Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД

8119
56
4
00:02:11
20.09.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 21 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи пурсарусадои журналисти 26-солаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов, ки дар ин парванда аз ҳуқуқи Ғурбатӣ ҳимоя мекунад, хабар дод. Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста? Як моҳ пеш гузориш шуда буд, ки мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомотро комилан рад мекунад.

АДВОКАТИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ГУФТ, Ӯ БЕГУНОҲ АСТ, АЗ ТОЛОРИ СУД ОЗОДАШ КУНЕД!

3740
45
10
00:02:30
03.10.2022

Рӯзи 3 октябри соли 2022 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба мурофиаи парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбати идома дод. Ин дафъа дар додгоҳ адвокати Ғурбатӣ Абдураҳмон Шарипов суханронӣ кард. Бино ба гузориши Маркахи мустақили ҳуқуқи инсон, адвокат дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хостааст, ки ӯро сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад. Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.

Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷоиза гирифт

112852
826
78
00:10:42
13.09.2022

Мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷоиза гирифт. Озодӣ дар Твиттер: 🤍 Озодӣ дар Фейсбук: 🤍 Коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон. Низои нав миёни Озарбойҷону Арманистон. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Сарнавишти норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

45513
632
117
00:02:40
16.06.2022

Сарнавишти рӯзноманигорони боздоштшуда Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳанӯз рӯшан нест. Хабари боздошти онҳо рӯзи гузашта, 15 июн расонаӣ шуд. #точикистон #хабар

Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард

17769
151
5
00:01:36
13.09.2022

Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

НОМАИ МУБОРАКИ ҚОСИМ, ҲАМСАРИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НАГУЗОРЕД, КИ ҲАЁТАШРО СӮЗОНАНД!

183574
827
170
00:03:44
01.10.2022

Мубораки Қосим, ҳамсари журналисти зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) рӯзи 30 сентябри соли 2022, дар арафаи судури ҳукми шавҳараш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо яке мактуби саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостааст, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд. “Талаби прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, равони зиндон намудани падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад, ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст... Бовар дорам Шумо бо ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед”, навиштааст дар номааш ба президент Мубораки Қосим.

Додситон хостааст, Ғурбатӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шавад

29411
151
18
00:02:12
30.09.2022

Додситон аз додгоҳ хостааст, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори шинохтаро ҳашт сол зиндонӣ кунанд. Парвандаи хабарнигор рӯзи 29-уми сентябр пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ шуд. Наздикон ва хабарнигорон ба он роҳ наёфтанд.

АВВАЛИН ШАРҲИ РАСМИИ ПАРВАНДАИ ҒУРБАТӢ: БА АЗДА ТВ ОБУНА ШУД, 4 ТУГМАИ КУРТАИ МАЙОР МУРОДОВРО КАНД..

4139
41
12
00:05:48
03.11.2022

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 ноябри соли 2022, бо гузашти қариб 6 моҳ, бори аввал парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф ба Абдуллоҳи Ғурбатиро шарҳ дода, ҳамчунон пойфишорӣ кардааст, ки гӯё ӯ бо созмонҳои мамнӯъ ҳамкорӣ дошт ва шоми 15 июн, қабл аз боздошташ Д.Ҷ.Муродов ном як афсари милитсияи ноҳияи Шоҳмансурро таҳқир карда, ҳамчунин бо ҳамагӣ 54 кило вазне, ки дорад, ба гардани майор гӯё як мушт задааст ва погони китфи чап ва 4 тугмаи куртаи майор Муродовро кандааст. Худи Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва наздикони ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба таъқиби журналистон бо иттиҳомоти бофтаю сохта айбдор карда, раҳоии тамоми журналистону блогерҳои зиндонишуда, аз ҷумла Ғурбатиро талаб доранд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ: "Агар хоҳанд масъулони латукӯби маро пайдо хоҳанд кард"

15477
206
00:03:21
12.05.2020

Хабарнигори агентии Азия Плюс Абдуллоҳ Ғурбатӣ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ӯ мегӯяд. дурбинҳои кӯчагӣ масъулони ҳамдаро ба навор гирифтаанд ва агар мақомот хоҳанд, масъулонро пайдо мекунанд.

Латукӯби Абдулло Ғурбатӣ ва "қарсак" -и Маҳдию Талбакҳо |PAYOMNEWS|29.05.20|اخبار تحلیلی

54733
1008
336
00:28:19
29.05.2020

1. Тарафдории декани журналистҳо ва раҳбари китобхонаи Душанбе аз латукӯби Абдулло Ғурбатӣ 2. «Кӯмак»-и ҳукумат ба табибони ноҳияи Айнӣ: 300 сомонӣ маошашонро кам кардаанд 3. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд тамоми маводи тиббии зарурӣ захира шуда, ба беморон ройгон тақсим карда мешаванд, корафтодагону беморон минро рад мекунанд Радио: 🤍 Сомонаи мо: 🤍 Instagram: 🤍 Тамос бо мо: +49 15 16 46 15 947 WhatsApp, Viber, IMO, Telegram Канали телеграмии мо: 🤍 #RadioPayom #ПАЁМtv #PAYOMNEWS

Айбномаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард

110021
570
87
00:02:43
19.07.2022

Эълони иттиҳоми нав ба зидди Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст

171671
1157
62
00:10:40
20.06.2022

"Илоҷи дигар набуд" Изҳори назари президент ба ҳодисаҳои ахири Бадахшон. Озодӣ дар Телеграм: 🤍 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст. Парвозҳои миёни Теҳрону Душанбе аз сар гирифта шуд. Ин ва дигарп хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

МУРОФИАИ БАСТА. АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ДАЪВОИ СЕ МИЛИСАРО РАД КАРДААСТ

5534
70
11
00:02:22
22.09.2022

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ даъвои се маъмури милисаро рад кардааст. Кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми сентябр шоҳидӣ додаанд, ки Ғурбатӣ ба онҳо ҳамла карду таҳқир намуд. Ба сабаби баста будани мурофиа ҷузъиёт дастрас нест. Маълум нест, ки маъмурони милиса барои исботи даъвои худ ба додрас чӣ далеле додаанд. Додрас Беҳрӯз Шафо аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов баъди мурофиа танҳо ҳаминро гуфт, ки «Абдуллоҳ Ғурбатӣ даъвои маъмурони милисаро напазируфт». Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар як қисмати мурофиа иштирок дошт, мегӯяд, “рӯҳияи Абдуллоҳ хуб буд, вале каме лоғар шудааст.” Ба мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста гузашт, ба ҷуз аз ҳамсараш хешовандони дигари хабарнигорро роҳ надоданд. Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба умеди дидани писараш ба назди Боздоштгоҳи муваққатӣ омада буд. Ӯ гуфт, ба далели онки номаш дар рӯйхати шоҳидон нест, ба толори мурофиа роҳ надоданд. “Гуфтанд, имрӯз танҳо шоҳидонро мепурсанд. Ба тантанаи адолат боварӣ дорам,” афзуд Шарифова.

Хабарҳои муҳими рӯз дар ПАЁМ tv 08.12.2022 /خبرهای مهم

1791
115
3
00:07:48
08.12.2022

- Мулоқоти гузоришгари вижаи СММ бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ дар СИЗО - Дар Санкт-Петербург дар як рӯз ду фарзанди ноболиғи муҳоҷирони тоҷик аз сармозадагӣ фавтидаанд - Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд - Қирғизистон ва Русия дар бораи тавлиди саноати микроэлектронӣ ёддошт имзо карданд Радио: 🤍 Сомонаи мо: 🤍 Instagram: 🤍 Аз ҳар хабару руйдоде акс ё наворе доред ва ё шоҳиди ҳодисае шудед, ба ин рақам фиристед: +48 739 584 984 WhatsApp, Viber, IMO, Telegram Канали телеграмии мо: 🤍 #RadioPayom #ПАЁМtv

АЗ ҲАМЛА БА МИЛИСА ТО ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ: ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ДОДГОҲ РАФТ

9697
141
21
00:03:36
17.08.2022

Масъулони додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рнӯзи 17 августи соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба ин додгоҳ супурда шудааст. Ба гуфтаи масъулини додгоҳи Шоҳмансур, “парвандаро ҳамин рӯз гирифтем, ҳанӯз рӯзи аввали мурофиа маълум нест.” Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигор ва аксбардори хабаргузории мустақили “Азия Плюс”, рӯзи 15 июни соли 2022, чанд соат баъди ҳунарпеша ва журналисту блогери шинохта Далери Имомалӣ, ки бо ӯ ҳамкорӣ дошт, дастгир шуд. Ибтидо гуфта мешуд, ки гӯё Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди онки ӯро дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансур бозпурсӣ карда, ҷавоб доданд, ҳангоми баромадан аз бино ба як корманди милиса ҳамла кардааст. Баъди чанд рӯз сару садое бархост, ки гӯё мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) айбдор мекунанд. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ин иттиҳомотро рад мекунад ва гуфтааст, ки на корманди милисаро латтукӯб ё таҳқир карда буд ва на иртиботе бо ҲНИТ дорад. Намояндагони ҲНИТ, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар хориҷ аз кишвар ва асосан дар Аврупо амал мекунад, низ ҳар навъ иртиботи Ғурбатӣ ва дигар журналистону блогерҳои дар ин авохир дастгиршуда бо ин ҳизби оппозитсиониро рад карда, баҳонаи беасосе дар дасти мақомот барои саркӯби журналистони озодандеш меноманд.

АДОЛАТИ “ТОҶИКӢ”: ЖУРНАЛИСТ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА 7 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

9782
71
40
00:02:38
04.10.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябри соли 2022 мурофиаи парвандаи пурсарусадои журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбатиро ба поён расонд ва ӯро ба 7 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Маркази мустақили ҳуқуқи инсон, ки дар ин қазия ҳимояти ҳуқуқии Абдуллоҳ Ғурбатиро ба дӯши худ гирифта буд, хабар дод, ки додгоҳ журналистро бар асоси ҳар се банди айбнома: қисми якуми моддаи 328, қисми якуми моддаи 330 ва қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳқир ва латтукӯби намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони мамнӯъ гунаҳкор шинохт. Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки ба намояндагӣ аз Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар ин мурофиаи пурсарусадо аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоят мекунад, гуфт, ки онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки рӯзи 4 октябр пеш аз судури ҳукм, додгоҳ ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои ироаи сухани охиринаш навбат дод. “Дар сухани охиринаш Авазмад Ғурбатов худро дар мавриди ин се иттиҳоми ба зиддаш эълоншуда бегуноҳ донист ва ҳар навъ иртиботи худ бо ягон гуруҳи ифротиро низ рад кард. Авазмад Ғурбатов аз додгоҳ хост, ки ӯро бегуноҳ барорад ва сафед кунад”, - хабар додааст адвокати журналист Абдурахмон Шарипов. Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд. Аммо адвокати Абдураҳмон Шарипов рӯзи 3 октябр дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хост, ки Ғурбатиро комилан сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад.

Тақдири норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

201785
1833
296
00:10:18
17.06.2022

Тақдири норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Озодӣ дар Твиттер: 🤍 Таҳримҳо ба муҳоҷирон таъсири манфӣ расонидааст. Ба соҳибкорони бозори оташгирифтаи “Фаровон”сабукӣ медиҳанд. Ин ва дигар хабарҳо дар Навиди бомдодӣ.

Имомалӣ ва Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо созмоне аз "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки миллӣ муттаҳам будаанд

36061
293
20
00:02:47
29.07.2022

Радиои Озодӣ ҷузъиёти парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигорро ба даст овард. Як далели асосии мақомот ин таблиғи ширкатест, ки моликаш дар рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм ҷой дорад.

БА ЗИДДИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД

33792
465
186
00:03:50
16.06.2022

Адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки ба зидди ду журналист ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ҳарду дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфтаи адвокат, ба зидди Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259, қисми 1 ва 346, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳомоти "фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят" парванда боз шуда, ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1 бо иттиҳоми "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" парванда кушодаанд. Далери Имомалӣ субҳи 15 июн, дар ноҳияи Айнӣ дастгир карда шуда, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оварда шуд. Абдуллоҳ Ғурбатиро нимаи дуюми рӯзи 15 июн ба инҷо даъват карданд ва баъди соате ӯро низ ба ҳабс гирифтанд. Абдураҳмон Шарипов гуфт, Далери Имомалӣ тасдиқ кардааст ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, ӯ намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад. Вакили дифоъ афзуд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Ғурбатӣ гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надошт. Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ гуфт, "маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора баъди пулис дароварданд ва эълон карданд ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам." Рӯзи 4 июн низ Далери Имомалиро барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад. Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён, санаи таваллудаш 5 январи соли 1984, дар ҳақиқат писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мебошад. Вале дақиқ нест, ки оё Далери Имомалиро рӯзи 4 июн ӯ зада буд ё ягон корманди дигари додситонии Шоҳмансур?

"ИДИБЕК ЛАТИПОВ". НОМИ НАВ ДАР ПАРВАНДАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

9628
85
9
00:03:27
30.07.2022

Тибқи иттилои дарёфтӣ, таҳқиқи парвандаи хабарнигорон – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – ба марҳилаи ниҳоӣ расида, эҳтимол рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шавад. Як далели мақомот ба зидди онҳо таблиғи ширкате будааст, ки гуё номи соҳибаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллист. Хабарнигорон гуфтаанд, дар ин бора намедонистанд. Ба иттилои дарёфтӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ ба таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) муттаҳам шудаанд. Раиси ширкат, Идибек Латипов, гӯё дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони алоқаманд бо терроризм" будааст. Бонки Миллии Тоҷикистон "рӯйхати сиёҳ"-ро ба ҳадафи пешгирӣ аз пулшӯӣ ва сармоягузории силоҳи қатли ом тартиб додааст. Афроди шомили он ба Тоҷикистон пул фиристода наметавонанд. Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид. Дар ҳоле ки номи ӯро дар рӯйхат "Латипов Идибек Файзибекович, санаи таваллудаш 29 апрели соли 1970" навиштаанд, худаш мегӯяд, "Латипов Идибек Фозилбекович" аст ва соли таваллудаш 1982. Номи Идибек Латипов ва ширкати "Элнур", ки таблиғи он барои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ мушкил овард, моҳи майи имсол дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ пайдо шуд. Латипов дар тамоси телефонӣ рад накард, ки барои таблиғи ширкати "Элнур" ба саҳифаи Далери Имомалӣ муроҷиат кардааст, аммо гуфт: "Ин хабарҳо нисбати ман туҳмат аст. Тақрибан 16 сол пеш аз Тоҷикистон хориҷ шудам ва бо Тоҷикистон ҳеч иртибот надорам. Даҳ фарзанди ман дар Миср таваллуд шуданд. Ҳамкорӣ бо саҳифаҳое, ки бинандаи зиёд доранд, ҳаққи ман аст. Ба кадом асос маро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд, хабаре надоштам. Ин дурӯғ аст."

ПИСАРИ ВАЗИРУ ДОМОДИ РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛӢ ЗӮР БАРОМАД: ТАЛАБИ 8 СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

30963
230
48
00:03:29
29.09.2022

Муҳокимаи парвандаи журналист Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур амалан ба поён расид ва додгоҳ шояд алакай рӯзи душанбе, 3 октябр ҳукми ӯро эълон кунад. Бино ба иттилои адвокати Ғурбатӣ Абдураҳмон Шарипов, рӯзи 29 сентябри соли 2022 дар ин мурофиа, ки бо сабабҳои номаълум дар дохили СИЗО №1 шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста мегузарад, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун ҷазо 8 соли зиндони низомаш сахтро талаб кардааст. Ғурбатӣ, ки иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ҳамла ба корманди милитсияро қотеона рад мекунад, аз додгоҳ хостааст, то сабти видеокамераҳои назоратӣ дар назди бинои шуъбаи милитсияи Шоҳмансурро аз 15 июни соли ҷорӣ, ки гӯё ӯ ҳамон рӯз корманди милитсияро задааст, як бор тамошо кунанд. Вале додрас, ба гуфтаи адвокат Шарипов, ин дархости хабарнигорро рад кардааст. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳамкори ӯ Далери Имомалӣ ҳамон рӯзи 15 июн, дар пайи нашри чанд гузориши видеоии интиқодӣ нисбат ба прокурори ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд. Ба бахти бади хабарнигорон, прокурори Шоҳмансур писари вазири адлия ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон будааст...

БЕҲТАРИН БАРНОМА. Нахустин нашри барномаи "РӮЗГОР"-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар HAMNISHIN TJ

173
4
1
00:04:02
23.04.2020

#ruzgor #AbdullahGurbati #HAMNISHINTJ Муаллиф: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс" Ин барномаи мухтасар ва нахустини Абдуллоҳ аст, ки 23.04.2020 дар фазои Ютуб бо рухсати муаллиф дар ютубканали HAMNISHINTJ нашр шуд. Нашрҳои баъдии барномаро тасмим дорем, ки пешкаши шумо гардонем, дӯстон! Барои ин кор ба дастгирӣ, ҳамроҳӣ ва тавсияҳои шумо ниёз дорем! Бознашри барнома дар сурати зикри номи муаллиф ва ютубканали HAMNISHIN TJ рухсат аст. Ҳуқуқуи муаллиф маҳфуз аст.

ШӮХӢ НАКУН БО ДОМОД! БОЗДОШТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

192319
1800
300
00:03:25
15.06.2022

Маълум мешавад, Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷикро, ки субҳи 15 июн дар роҳ ба Конибодом адар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсияи ин ноҳия дастгир шуда буд, аз онҷо ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур овардаанд. Нимаи дуюми рӯз журналисти дигари тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам, ки дар таҳияи гузоришҳои видеоии Далери Имомалӣ ҳамкорӣ мекард, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, аз онҷоро ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бурдаанд. Рӯзи 4 июн Далери Имомалиро алакай барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад. Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ дар як мошини сиёҳшиша ба самти номаълум бурдаанд.

Барномаи "Саволу ҷавоб" : Қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Чӣ бояд кард?

2837
83
7
00:50:25
20.06.2022

Барномаи "Саволу ҷавоб" : Қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Чӣ бояд кард?

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ

145296
1312
199
00:10:59
16.06.2022

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ. Қазоқистон боз ғалларо маҳдуд кард.Орд қиммат мешавад? Ғарибшо баъд аз 30 сол соҳиби хона шуд. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ

179789
1693
148
00:09:30
24.06.2022

Талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ. Озодӣ дар Телеграм: 🤍 Номи сафири нави эҳтимолии Амрико дар Душанбе маълум шуд. Ваъдаи гови ширдеҳ ба хонаводаи чоргоникҳо дар Исфара. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Баҳси қазияи Абдулло Ғурбатӣ ва ҳақ будани Радиои озодӣ оиди коронавирус дар Тоҷикистон

72
1
0
00:28:25
03.05.2021

Рӯзноманигорони расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар ток-шоуи "Гап аз гап" оид ба ҳамрайи касбӣ баҳс мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов боздошти хабарнигоронро танқид кард

29004
289
22
00:03:07
16.06.2022

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва профессори ҳуқуқшинос, мегӯяд боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ барои озодии баён дар Тоҷикистон бад аст. Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

Абдуллоҳ Ғурбатиро 7.5 сол зиндонӣ карданд

8854
92
13
00:01:17
04.10.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзноманигори 26-сола Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов)-ро ба ҳафтуним сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситон ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд. Худаш дар сухани охирин дар мурофиа гуфтааст, гуноҳе надорад ва аз додрас хоста, ки аз толор озод кунад.

Ҷавонони тоҷик чӣ орзӯ доранд?

832
46
9
00:04:52
02.07.2020

Имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон идома дорад ва то охири ҳафта давом хоҳад кард. Навбатдори мо дар шаҳр Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ рафт ва дид, ки имтиҳонҳо чӣ гуна ҷараён дорад. Ӯ ҳамчунин аз довталабон пурсид, ки кӣ шудан мехоҳанд, барои имтиҳон чӣ омодагӣ гирифтаанд ва оё бовар доранд, ки баъди хатми донишгоҳ дар ватани худ ҷойи кор меёбанд?! Нашри ин мавод ба туфайли кумаки мардуми амрикоӣ тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир шуда, дар доираи “Барномаи осиёимиёнагии MediaCAMP”, ки аз ҷониби Internews бо дастгири молиявии USAID амалӣ мегардад, таҳия шуд. “Азия-Плюс” барои мундариҷаи он масъул аст, ки ҳатман мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ва ё Internews-ро ифода намекунад. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: 🤍 Facebook: 🤍 Instagram: 🤍 #новости #таджикистан #asiaplus

Назад
Что ищут прямо сейчас на
ғурбатӣ makeup shop bamboo worm los del fuego vivo 날씨 Golden Dodorex dinas ka raindrop кац Om Mani Padme Hum shawarma machine 343i madeira island aj mudry schybi genshing wishing североуральск espn brasil nasi kandar chicken fried rice jio launch kral şakir